Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди ғалла бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъ» корхонаи коркарди ғалла бунёд гардида, айни замон корҳои васлу насби таҷҳизот ҷараён дорад. Корхонаи коркарди ғалла имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 500 тонна гандум коркард намояд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, айни замон ҷараёни насби таҷҳизот дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, корхона ба таври озмоишӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо корхонаи мазкур иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бояд аз тамоми захираву имконият истифода бурда шавад. Дар вилоят бо дастгирии мақомоти давлатӣ ва ташаббуси соҳибкорон ҳамасола корхонаҳои нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд мешавад.
Бо назардошти маҳсулоти воридотивазкунанда будани орд ба масъулин дастур дода шуд, ки барои ҳарчӣ бештар захира намудани ғалла ва ба анҷом расонидани васлу насби таҷҳизот тадбир андешанд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






