Дар ноҳияи Данғара бахшида ба ҷашни Сада намоиши идона баргузор гардид

Январь 21, 2021 13:50

ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бахшида ба ҷашни таърихии Сада дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят, намояндагони мақомоти иҷроия, кишоварзон ва сокинони ноҳия намоиши идона баргузор гардид. Дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ин рӯз Қурбон Ҳакимзода ба кишти картошка дар замини таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз бахшид.

Раиси вилоят сокинони ноҳия, хусусан деҳқонони меҳнатдӯстро ба муносибати ин ҷашни бостонӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки “ҷашни Сада ҳамчун ойини бостонӣ мероси арзишманди аҷдодони шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Сада дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Гузаштагони мо анъанаву суннатҳои онро дар хотираи таърихии хеш чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз карда, то ба наслҳои имрӯза расонидаанд”.

Ёдовар мешавем, ки Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми  тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба андешаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Январь 21, 2021 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад