Дар Панҷакент ҷашни миллии Сада бошукуҳ таҷлил гардид

Январь 31, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 31.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ҷашни миллии Садаро бошукуҳ таҷлил намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад, дар чорабинии идона маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ, маҳсулоти саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардӯзӣ, бофтани атласу адрас ба намоиш гузошта шуд.

Яке аз рамзҳои асосии ин ҷашн – афрӯхтани гулхан аст, ки сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент дар ин чорабинӣ дар гирди гулхан шодию нишот карда, бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ мероси қадимаи ниёгони худро эҳё ва ба намоиш доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ дар ҷашни Сада иштирок намуда, иброз намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон урфу одатҳои ниёгон, анъанаву суннатҳои таърихии миллатамон, ба мисли ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардиданд, ки метавонанд дар муаррифии миллати мо дар арсаи байналмилалӣ саҳми муассир гузоранд.

Дар маросими таҷлили ҷашни Сада аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба фаъолон туҳфаҳо тақдим гардид.

Январь 31, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд