Дар панҷ муассисаи таълимии деҳоти «Даҳана»-и Кӯлоб марказҳои рушди кӯдак ташкил гардиданд

Январь 9, 2021 10:33

 КӮЛОБ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи «Нигоҳубин ва васеъ намудани имконият: фароҳам овардани шароит барои имконияти баробар дар манотиқи деҳоти Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  дар панҷ муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб марказҳои рушди кӯдак ташкил гардиданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва ҷалби соҳибкорон ба истифода супорида мешаванд. Инчунин барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт амалӣ мегарданд, ки дар ин кор  шарикони рушд низ ҷалб карда шудаанд.

Дар ҳамин замина чанде пеш бо иштироки ташаббускорон ва меҳмонон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 шаҳри Кӯлоб Маркази рушди барвақтии кӯдак ифтитоҳ карда шуд. Дар ин марказ 25 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Барои таълим ва омода намудани кӯдакон ба мактаб тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Мувофиқи омор, айни замон фақат 15 фоизи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд ва роҳандозии ин барнома метавонад ин нишондиҳандаро боло барад.

Барои амалӣ гардонидани барномаи мазкур мутахассисони соҳаро омода кардан зарур аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил намудааст, ки дар онҳо 10 нафар омӯзгорон аз панҷ муассисаи зерҳадаф фаро гирифта шудаанд.

Дар ҳамоиш оид ба ин мавзӯъ гуфта шуд, ки мақсади умумии барнома аз мусоидат дар амалӣ кардани барномаҳои давлатии «Рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2020-2021», рушди маориф ва инчунин «Стратегияи миллӣ барои рушд то соли 2020», ки бевосита барои беҳтар кардани таълими томактабӣ равона карда шудааст, иборат мебошад.

Соли оянда дар назди дигар муассисаҳо низ чунин марказҳо кушода шуда, шумораи зиёди кӯдакон ба таҳсили томактабӣ фаро гирифта мешаванд.

Январь 9, 2021 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад