Дар шаҳри Душанбе «китобхонаҳои кӯчагӣ» гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби лоиҳаи Kitobz.tj соли равон дар маркази шаҳри Душанбе, қасабаи 82, Зарафшон, Садбарг, назди Театри опера ва балет, фурудгоҳ, микрорайони 46, Иттифоқҳои касаба ва маҳаллаи Гипрозем 10 нуқтаи «китобхонаи кӯчагӣ» насб карда мешавад.
Тавре роҳбари лоиҳаи Kitobz.tj Баҳром Саъдиев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, «дар тӯли 4 соли мавҷудияти лоиҳаи мазкур миқдори зиёди китобҳо дастрас шуданд. Насби «китобхонаи кӯчагӣ» барои лоиҳа пешравии назаррас ва саҳмгузорӣ барои насли ояндаи мамлакат мебошад. Инчунин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- тақдими китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи тоҷик, идомаи озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моро водор намуд, ки дар амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат нақши худро гузорем».
Ҳадафи амалӣ намудани лоиҳаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ва ҳам ҷавонону калонсолон ба мутолиаи китоб мебошад. Азбаски аксар китобхонаҳо дар маркази шаҳр ҷойгиранд, кӯдакону наврасон ва ҷавононе, ки дар маҳаллаҳои дур аз марказ истиқомат доранд, дар лаҳзаҳои зарурӣ наметавонанд аз хизматрасонии онҳо истифода баранд. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ дар бархе маҳаллаҳои зист китобхонаҳои хурди сайёр дар шакли ҷевонҳои шишагин ташкил мегарданд. Ҳар кас метавонад аз он китоби писандидаи худро, албатта, ройгон бигирад ва китобро хонда, баргардонад, то хонандаи дигар онро гирад.
Бояд гуфт, ки ин иқдом бори аввал дар Тоҷикистон соли 2017 дар боғи марказии шаҳри Хоруғ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Умедвор» дар ҳамкорӣ бо ширкати «Помирэнерҷӣ» дар кӯчаҳои шаҳр гузаронида шуда буд ва он таваҷҷуҳи роҳгузаронро ба худ ҷалб менамуд.
Ин тарзи ҷалби мардум ба китобхонӣ дар бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон, аз қабили Франсия, Германия, ИМА, Россия, Колумбия, Украина амалӣ гардидааст. Хоҳишмандон аз онҳо китоби маъқулашонро бепул гирифтаву хонда, боз ба ҷояш бармегардонанд. Сокинон метавонанд ба ин «китобхонаи кӯчагӣ» китобҳои худро оварда гузоранд.








Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд






