Дар Суғд ғолибони озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст ва ба ғолибон диплому мукофотпулиҳо тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи Нақшаи чорабиниҳои марбут ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» тибқи қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузории комиссияи озмуни вилоятӣ дар бахши деҳоти беҳтарин Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич сазовори ҷои аввал, Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ сазовори ҷои дуюм, Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен сазовори ҷои сеюм гардиданд.
Дар бахши шаҳраки беҳтарин ҷои аввал насиби Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҷои дуюм насиби Ҷамоати шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод, ҷои сеюм Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шуд.
Дар бахши деҳаи беҳтарин деҳаи Понғози ноҳияи Ашт мақоми якум, деҳаи Ҷаҳонзеби шаҳри Конибодом мақоми дуюм ва деҳаи Дижики ноҳияи Айнӣ мақоми сеюмро ишғол карданд.
Дар бахши кӯчаи беҳтарин кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан, кӯчаи Дӯстии деҳаи Навандарсойи ноҳияи Спитамен, кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм шуданд.
Дар бахши маҳаллаи беҳтарин маҳаллаи Мусаффои деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҳаллаи якуми шаҳри Гулистон ва маҳаллаи Тиллокони шаҳри Хуҷанд мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар бахши оилаи беҳтарин ҷои аввалро оилаи Ғуломҷон Тӯрабоев аз деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои дуюмро оилаи Мусаббехон Бобоҷонова аз шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюмро оилаи Нозимҷон Усмонов аз деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст оварданд.
Ба ғолибони озмун аз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода диплому вимпел ва мукофотпулиҳо супорида шуданд. Аз ҷумла, ғолибони бахши Ҷамоати деҳот ва шаҳраки беҳтарин мутаносибан бо 6000 сомонӣ, 4000 сомонӣ ва 2000 сомонӣ, деҳаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ, кӯчаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ, маҳаллаи беҳтарин бо 4000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва оилаи беҳтарин бо 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд












Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






