Дар Суди Олии иқтисодӣ доир ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд

Январь 29, 2021 11:30

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамоиш доир шуд.

Дар ҳамоиш роҳбарон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодии мамлакат Мавлуда Қаландарзода иброз дошт, ки Сарвари давлат  зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро   мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои  ба миёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

«Пешвои миллат аз вазъияти имрӯзаи ҷаҳон  сухан карда, зикр намуданд, ки соли 2020 бо пайдо шудани пандемияи COVID-19 соле буд, ки на фақат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми ҷаҳон вазнинӣ ва мушкилиҳои зиёд пеш овард.

Тавре ки коршиносони байналмилалӣ  арзёбӣ намуданд, ин буҳрони шадиди фарогир дар 100 соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид, ки солҳои минбаъда низ таъсири онро мушоҳида кардан мумкин аст»,- афзуд М. Қаландарзода.

-Ҳамчунин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар соли 2020 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои дар натиҷаи бемории сироятии коронавирус паҳнгардида бо амалӣ гардидани тадбирҳои  таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд. Бо вуҷуди мушкилот Тоҷикистон тавонист, ки иқтисодиёти кишварашро дар сатҳи муайян нигоҳ дорад.

Зикр шуд, ки таъмини шароити зиндагии арзанда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба масъалаи беҳтар намудани  шароити зиндагии қишри осебпазири ҷомеа- маъюбон диққати махсус зоҳир намуданд. Вобаста ба ин дар Паём таъкид шуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини  ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар  сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамоянд. Дар робита ба он нафақаи ятимон аз 20 то 50 фоиз зиёд гардида, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди се мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе уҳдадор карда шуд.

Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Қаҳҳорзода доир ба таъминоти моддӣ-техникӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ иброз дошт, ки масъалаи мазкур таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат қарор дорад. Дар Паёми имсола роҳбарони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ уҳдадор гардиданд, ки ба баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Дар асоси паёмҳои қаблии Пешвои миллат  бо фармонҳои Президенти мамлакат  барои  таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, 3 барнома татбиқ ва барномаи чоруми ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳамчунин ҷиҳати танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаи Қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати мамлакат манзур карда шуд.

Январь 29, 2021 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши соҳибкорони Панҷакент дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр назаррас аст
Фоизҳо барои амалиёти пулӣ тариқи замима камтар шуданд
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Суперҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футзал гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ. Ба афсарону сарбозони ноҳияи Дарвоз барои хизмати намунавӣ туҳфаҳои варзишӣ тақдим шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳо аввалин будем: алоқаи мобилӣ дар кӯҳҳо чӣ тавр пайдо мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
«ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ТОҶИКОН ВА ШАҲРИ СУЛҲ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд