Дар Тоҷикистон марҳилаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи миллии Олимпиадаи Ҷаҳонии Роботҳо (WRO) дар Тоҷикистон 24 январ бо дастгири ва хамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати ИМА ва Маркази Рушди Эчодии Точикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз Лигаи роботҳои Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Тавре дар суҳбат ба мо директори Лигаи мазкур Меҳрон Ортиқов иброз намуд, “Лигаи роботҳои Душанбе дар марҳилаи миллӣ барои иштирокчиён тӯли 28 рӯз омӯзиши ройгон фароҳам овардааст. Дар ин кор мураббиёни байналмилалӣ ширкат меварзанд, ки ба шарофати он кӯдакон метавонанд малакаҳои робототехникии худро такмил дода, сатҳи донишро барои барномаи оянда баланд бардоранд”.
Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки Мактаби байналмилалии робототехникии “Лигаи роботҳои Душанбе” маркази таълимии робототехника ва барномасозӣ мебошад. Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо (WRO) аз соли 2004 инҷониб амал мекунад ва ин озмун барои кӯдакони аз 10 то 21-сола мебошад. Он бори аввал дар Сингапур баргузор шуда буд ва ҳоло дар он беш аз 70 000 кӯдакон аз 75 кишвар ширкат меварзанд.Лигаи мазкур 15 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе кушода шуд. Дар тӯли фаъолияти худ Лигаи роботҳо ба муваффақияти назаррас ноил гардид. Дар он мутахассисони ботаҷриба кор мекунанд. Ғайр аз ин, Лигаи роботҳо аллакай тавонистааст дар Олимпиадаи робототехника, ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, иштирок карда, миёни 44 даста ҷойи 6-умро ишғол намояд. Соли 2019 ҷои 3-юмро ишғол намуда, ҳамчунин моҳи январи соли 2020 дар Қазоқистон ҷои намоёнро сазовор гардиданд.
Соли 2019 барои такмили ихтисос ва омодагӣ ба Олимпиадаи ҷаҳонии робототехника (WRO) ду муаллими Лигаи роботҳои Душанбе ҳамроҳ бо донишҷӯён ва директор ба шаҳри Новосибирск рафтанд. Онҳо дар он ҷо онҳо на танҳо чизҳои нав омӯхтанд, балки бо коршиносони ҷаҳон мубодилаи таҷриба карданд. Баъди бозгашт аз Новосибирск Лигаи роботҳои Душанбе 4 апрели соли 2019 санадеро ба имзо расонид, ки пас аз он Лигаи роботҳои Душанбе расман ташкилкунандаи миллии Олимпиадаи ҷаҳонии роботҳо дар Тоҷикистон мебошад. Меҳрон Ортиқов ҳадафи асосии Олимпиадаро таҷдиди системаи таълими муҳандисӣ дар Тоҷикистон, афзоиши таваҷҷуҳи насли ҷавон ба фаъолияти илмию техникӣ ва интихоби беҳтарин донишҷӯён барои соҳаи робототехника арзёбӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






