Даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» оғоз гардид

Январь 12, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 11 то 13 январ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2020» ҷараён мегирад, ки довталабон аз рӯйи 7 шарт: муаррифии таҷрибаи корӣ, баргузор намудани маҷлиси падару модарон, дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, доир намудани соати тарбиявӣ, кор бо компютер, ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди аъзои ҳакамон менамоянд. Озмун се рӯз идома ёфта, маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон 13 январ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур омӯзгори фанни забони англисии литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Сайлӣ Наврӯзбекова, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни биология аз муассисаи таълимии махсусгардонидашуда барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилором Ҷалолова, омӯзгори фанни химия аз Литсейи №3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ва омӯзгори фанни забони русӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Тоҳирҷон Холиқов иштирок доранд.

Зимни ифтитоҳи озмун Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд, ки «ҳадаф аз гузаронидани озмун-ин дарёфт намудани омӯзгорони боистеъдод ва муаррифии таҷрибаи пешқадами педагогии онҳо миёни кормандони соҳаи маориф ва илм, баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, ҳамчунин баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа мебошад».

Бояд тазаккур дод, ки рушди ҳар ҷомеа ба низоми илму маорифи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва маърифатнокии аҳли ҷомеа пешрафти ҳар давлатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният таъмин менамояд. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар  фаъолияти омӯзгорон фазои наву мустақил ворид гашт, омӯзгорон машғулияти худро бо андешаҳои миллӣ мувофиқ карданд ва дар тарбияи худшиносии насли наврас ва ҷавонон имконияти бештар фароҳам омад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2020 маоши омӯзгорон 15 дарсад баланд бардошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ҳамасола дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Соли гузашта омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Каримова  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» эълон гардида буд.

Январь 12, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид