«Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар асоси беш аз шаст дастхати ашъори шоир нашр гардид

Январь 1, 2021 08:35

ДУШАНБЕ, 01.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фахриддин Насриддинов матни илмӣ-интиқодии «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ дар асоси беш аз шаст дастхати ашъори шоирм хушкалом ба чоп расид. «Девон»- Камоли Хуҷандӣ барои муҳаққиқон ва ҳамаи дӯстдорони илму адаби тоҷик пешниҳод гардид.

Дар тасҳеҳи китоби мазкур даҳҳо нусхаи қадимтарини «Девон»-и Камоли Хуҷандӣ, ки то имрӯз дар нашрҳои интиқодии ашъори ин шоири тавоно  истифода нагардида буданд, мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтаанд.

Ҳамчунин дар «Девон»-и мазкур нусхаҳое  баэътибор гирифта шудааст, ки дар дусад солаи аввал пас аз вафоти шоир, яъне дар асрҳои XV-XVI аввалин маротиба нашр гардидаанд. Инчунин нусхаҳои муътабари кишварҳои Туркия, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Германия, Амрико, Озарбойҷон, Россия, Шветсия, Ӯзбекистон истифода шудаанд.

Дар ҷилди аввал аз муқаддимаи мусаҳҳеҳ, қасоид ва ғазалиёт (аз «алиф» то поении ҳарфи «зо») иборат аст. Ҷилди дуюм фарогирии ғазалиёт (ҳарфи «син» то «ё»), муқаттаот, рубоиёт , мулҳақот, таълиқот ва феҳристҳо мебошад.

Январь 1, 2021 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид