Субҳи имрӯз 170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Иркутск парвоз карданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 30 январ 170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иҷозати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия бо хатсайри Душанбе-Иркутск парвоз карданд.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрвандони мо дар ширкатҳои «Домострой Профи» (28 нафар)-и шаҳри Иркутск, «ПромСтройМонтаж» (68 нафар)-и шаҳри Тулун, «СибСталСтрой» (24)-и деҳаи Грановшина, «СПМК-7» (50 нафар )-и шаҳри Иркутск фаъолият хоҳанд кард.
«Иқдоми мазкур бо мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии бакортаъминкунӣ, хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Иркутск роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷониби Россия тибқи супориши муовини губернатори Иркутск, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ, авиатсия ва ниҳодҳои калидии Иркутск барои қабул ва ҷобаҷокунии ҷавонон вобаста шудаанд»,-афзуд манбаъ.








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд






