Субҳи имрӯз 170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Иркутск парвоз карданд

Январь 30, 2021 12:57

ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 30 январ 170 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо иҷозати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия бо хатсайри Душанбе-Иркутск парвоз карданд. 

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, шаҳрвандони мо  дар  ширкатҳои «Домострой Профи» (28 нафар)-и шаҳри Иркутск, «ПромСтройМонтаж» (68 нафар)-и шаҳри Тулун, «СибСталСтрой» (24)-и деҳаи Грановшина, «СПМК-7» (50 нафар )-и шаҳри Иркутск  фаъолият хоҳанд кард.

«Иқдоми мазкур  бо мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии бакортаъминкунӣ, хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ  дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Иркутск  роҳандозӣ гардидааст.  Аз  ҷониби Россия тибқи супориши муовини губернатори Иркутск, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ, авиатсия ва ниҳодҳои калидии Иркутск барои қабул ва ҷобаҷокунии ҷавонон вобаста шудаанд»,-афзуд манбаъ.

Январь 30, 2021 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2025» сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ҷавҳари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун устувор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ доир шуд
Омӯзгори фанни таълими меҳнат аз Рашт Зубдахон Валиева: «Ҳунарамро дар мактаб ба шогирдон ва дар хона ба занон меомӯзонам»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфаро бе эътибор нагузоред!
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Ақдҳои никоҳе, ки аз ҷониби дигар мақомот сабт шудаанд, қувваи қонунӣ надоранд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар конфронси сатҳи баланд дар Рим сухан гуфт
Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои байнидавлатии обуҳавошиносии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Дар 15 соли охир барои сокинони эҳтиёҷманди ноҳияи Лахш 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст»
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ифтитоҳ шуд