Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдулло аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 январ овозхони маъруф, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев дар 57-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими дафнаш имрӯз дар шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.
Қурбоналӣ Абдуллоев 23 апрели соли 1963 дар деҳаи Купрӯкбошии шаҳри Ваҳдат (собиқ ноҳияи Орҷонкидзеобод) ба дунё омадааст. Аз синфи чорум дар маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб ширкат мекард. Соли 1977 озмуни ҷумҳуриявии овозхонҳои наврас баргузор гардид, ки дар он ғолиб гардид.
Мавсуф дар Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова то соли 1983 таҳсили мусиқиро идома додааст. Сипас ба Донишкадаи олии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудааст. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсии Россия хизмат карда, дар он ҷо ҳам аз ҳунари овозхонӣ дур набуд. Дар оркестри нафасии қисми низомӣ сози баритон менавохт ва ҳамзамон роҳбари бадеии ансамбли эстрадии қисми низомӣ буд. Дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабт кардааст.
Баъди адои хизмат дар артиш боз таҳсилро дар шуъбаи мутрибии факултети мусиқии тоҷик дар Донишкадаи санъат ва фарҳанг давом дода, дутори бас менавохт, вале бисёртар ба овозхонӣ машғул буд. Дар факултет инчунин ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ вуҷуд дошт, ки роҳбараш Муҳаммадқул Ҷумъаев буд. Дар ин ансамбл ҳам солист- овозхониро ба уҳа дошт. Пас аз хатми донишкада дар ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, аз соли 2015 то дами охир бознишаста буд.
Қурбоналӣ Абдуллоев аз ҷумлаи он сарояндаҳоест, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳа машҳур аст. Ӯро бо сурудҳои «Қишлоқаки ман», «Чашмам масти ту бошад», «Душанбе», «Лайло», «Санамо», «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Чеҳраи хаёл» мешиносанд.








Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






