Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук як гурӯҳ кормандони соҳаро ба бозомӯзӣ ҷалб намуд

Январь 30, 2021 11:43

ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ  мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла  аз ширкатҳои брокерони гумрукии «Хизмат-М», «ТЭК Фирдавс», «Осиёи хизматрасон», «Трайд», «ТБ Сервис», «Терминали Дустӣ», «Анкуф» ва «Иқдом» дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук курси такмили дараҷаи тахассусиро  гузаштанд.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки  дар баробари омӯзиши навгониҳои соҳа ба иштирокдорони курси мазкур  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро  ба Парлумони мамлакат,  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва ташкили фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, декларатсияи гумрукии мол, асосҳои батанзимдарории давлатии фаъолияти иқтисоди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тафсир доданд.

Ҳамзамон ба шунавандагон вобаста ба муқаррароти умумӣ оид ба низомҳои гумрукӣ, пардохтҳои гумрукӣ, шакл ва тартиби гузаронидани назорати гумрукӣ, муайян намудани арзиши гумрукии мол, мафҳум, моҳият ва мақсадҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумрук, пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ, брокерони гумрукӣ, низомҳои гумрукӣ ва доираи истифодабарии онҳо, мафҳум ва зарурияти татбиқи СИАЯ ва «Равзанаи ягона» дар мақомоти гумрук, батанзимдарории тарифию гумрукӣ, номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ва системаи идоракунии таваккал маълумоти муфассал дода шуд.

Иштирокдорони курси омӯзишӣ  аз маълумот  доир ба дуруст ҳисоб намудани пардохтҳои гумрукӣ,  истифодабарии имкониятҳои дар Портали иттилоотию маълумотии СИАЯ (Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона) мавҷудбуда ва тартиби истифодабарии сомонаи Хадамоти гумрук бархурдор гардиданд. Тарзи назорати шакли электронии декларатсияи бори гумрукӣ дар Портали иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷии СИАЯ низ яке аз мавзӯъҳое маҳсуб меёфт, ки дар доираи ҷадвали баргузории дарсҳо ба онҳо фаҳмонида шуд, ки чӣ гуна метавонанд рафти қабули декларатсияи бори гумрукиро дар СИАЯ мушоҳида намоянд.

Дар анҷоми давраи омӯзишӣ ба шунавандагон шаҳодатнома супорида шуд.

Январь 30, 2021 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид