Дурдасттарин нуқтаҳои Бадахшон бо алоқаи мобилӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки дар дурдастарин нуқоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алоқаи мобилии Мегафонро ҷорӣ намояд. Ин нуктаро роҳбари Раëсати минтақавии ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҳим Садоншоев дар мулоқот бо Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов изҳор дошт.
Ёдгор Файзов вазъи алоқаи мобилии ширкати мобилии «Мегафон» -ро дар вилоят қаноатбахш арзëбӣ намуда, барои таъмини деҳаҳои дурдасти вилоят бо алоқаи мобилӣ ба масъулини ширкати мазкур изҳори сипос намуд.
Раҳим Садоншоев гуфт, ки дар оянда ширкати алоқаи мобилии «Мегафон» аҳолии Бадахшонро бо алоқаи мобилии дорои сифати баланд таъмин менамояд. Ëдгор Файзов роҳбари Раёсати минтақавии ширкати мобилии Мегафон дар вилоятро барои хизматҳои арзанда, таъмини алоқаи мобилии сифатнок дар вилоят ва хамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо Сипосномаи Раиси ВМКБ сарфароз намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






