Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ», ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ нақши муассир мегузорад.
Чунин зикр шуд дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти мазкур, ки бо иштироки мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳомидиён, роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» дар Душанбе доир гардид.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» Ҳабибулло Амирбекзода доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Сайёҳ» дар соли 2020 гузориш дод. Ҳамзамон дар раванди маҷлис вазифаҳо барои соли 2021 муайян ва нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» барои соли 2021 тасдиқ шуданд.
Мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи иҷроияти ҲХДТ Илҳомҷон Ҳомидиён аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ намуда, доир ба ҷалби фаъолон ба узвияти ҲХДТ, тарғиби бештари имконияти сайёҳии кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози назар намуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






