Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» натиҷагирӣ карда шуд

Январь 20, 2021 10:40

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ», ки дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон /ҲХДТ/ нақши  муассир мегузорад.

Чунин зикр шуд дар  маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти мазкур, ки бо иштироки мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Илҳомҷон Ҳомидиён, роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» дар Душанбе доир гардид.

Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ»  Ҳабибулло Амирбекзода доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Сайёҳ» дар соли 2020 гузориш дод. Ҳамзамон дар раванди маҷлис  вазифаҳо барои соли 2021 муайян  ва нақшаи кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сайёҳ» барои соли 2021 тасдиқ шуданд.

Мудири шуъбаи таблиғотии дастгоҳи иҷроияти ҲХДТ Илҳомҷон Ҳомидиён аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ натиҷагирӣ намуда, доир ба ҷалби фаъолон ба узвияти ҲХДТ,  тарғиби бештари имконияти сайёҳии кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, мақсаду маром ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Январь 20, 2021 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад