Гулпарвар аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар тӯли 4 сол соҳибкори муваффақ гардид
БОХТАР, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Мавҷуда Ҳусайнова дар маҳаллаи худ ҳамчун гулпарвари беҳтарин эътироф шудааст. Инак, 4 сол боз вай ҳамроҳи писаронаш Инъомҷон ва Илҳомҷон муваффақона ба растанипарварӣ машғул аст.
Дар се гармхона, ки дар 6 садяки замини наздиҳавлигиш сохта шудаанд, ин оила беш аз 100 ҳазор дона гул парвариш мекунад.
Мавҷуда чанд сол пеш ба Душанбе рафта, барои қитъаи замини назди хонааш гул харида буд. Як қисми гулҳоро шинонд ва боқимондаашро дар бозор фурӯхт. Вай дид, ки талабот ба гул калон аст ва ҳамин тавр тиҷорати худро оғоз кард.
Ба гуфтаи вай, ӯ беш аз 20 навъи гул: садбарг, лола, маргаритка, виола, петуния ва ғайра парвариш мекунад. Гулҳои парваридаи ӯ кӯчаҳои ноҳия, назди биноҳои ташкилоту муассисаҳоро зеб медиҳанд.
Ғайр аз ин, Мавҷуда 15 нафар занони деҳаи Чорбоғи ҷамоати Навободро ба кор ҷалб карда, барои ҳар рӯзи кориашон ба онҳо 30 сомонӣ маош медиҳад.
“Ин занону духтарон аз оилаҳои камбизоатанд ва ба кори доимӣ ниёз доранд. Мутаассифона, ман онҳоро бо кори доимӣ таъмин карда наметавонам, азбаски кори мавсимӣ дорам, мехоҳам қитъаи заминро васеъ намуда, духтарони минтақаро бо тиҷорати муфид ва фоидаовар — гулпарварӣ фаро гирам», — гуфт Мавҷуда Ҳусайнова.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






