Имрӯз дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими рухсатшавии панҷгоникҳо доир шуд

Январь 29, 2021 15:40

ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими  рухсатшавии панҷгоникҳо доир шуд. Дар маросими мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода  баён намуд, ки тавлиди ин тифлакон дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Осиёи Марказӣ хабари тоза буда, дар пайравӣ ба  иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифтааст, ки  ин оилаи ҷавонро бо хона таъмин намояд  ва ҳоло сохтмони хона оғоз ёфтааст.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими  мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, мудири Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»  Гулҷаҳон Давлатзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода иштирок намуданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба кӯдакони навзод умри дароз орзу намуда, зикр кард, ки маҳз қадами неки  панҷгоникҳо буд, ки буҳрони пандемияи COVID-19 аз байн рафт ва Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст.

Ҳамчунин Зулфия Абдусаматзода бо изҳори миннатдорӣ  ба кормандони Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе иброз дошт,    ки саломатии аҳолӣ, хусусан модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад. Зеро аз модари солим бояд кӯдакони солим таваллуд шуда, ояндаи генафонди миллатро  ташкил диҳанд.

Духтури табобатии модари панҷгоникҳо — Дилноза Мамадова — Сурайё Юнусова изҳор дошт, ки «30 декабри соли 2020 кӯдакон тавассути ҷарроҳии буриши қайсарӣ  ба дунё омаданд. Ҳангоми таваллуд ба ҳар кӯдак   якнафарӣ ниатолог вобаста карда шуд. Умуман ҷарроҳӣ 1 соат зиёдтар давом карда, ба он 12 нафар табибон сафарбар гардида буданд. Ҳоло вазъи саломатии модар ва 5 кӯдак хуб буда, ба хона гусел карда мешаванд».

Бояд гуфт, ки сиҳату саломат ба дунё омадан ва ба хона рухсат шудани 5 кӯдак  барои кормандони Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастоварди хуб мебошад. Метавон гуфт, ки ин на танҳо  ҷашни мо, балки тамоми мардуми тоҷик аст. Зеро  нахустин бор дар Тоҷикистон  ҳомилагии 5-тифла бо кӯдакони солим  ба қайд гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2020 Дилноза Мамадова ва Барот Бобоев  соҳиби 5 фарзанд – ду писар ва се духтар гардиданд. Ин оилаи ҷавон сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, соли 2008 хонадор шудаанд. Ҳоло кӯдакон 30-рӯза шуда, ба онҳо Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича номгузорӣ шудааст. Модари навзодон пеш аз таваллуд  дар таваллудхона бистарӣ буд. Ҳар  хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат анҷом дода шуд.

 

Январь 29, 2021 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид