Имрӯз дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими рухсатшавии панҷгоникҳо доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе маросими рухсатшавии панҷгоникҳо доир шуд. Дар маросими мазкур сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода баён намуд, ки тавлиди ин тифлакон дар Тоҷикистон ва ҳатто дар Осиёи Марказӣ хабари тоза буда, дар пайравӣ ба иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифтааст, ки ин оилаи ҷавонро бо хона таъмин намояд ва ҳоло сохтмони хона оғоз ёфтааст.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, мудири Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» Гулҷаҳон Давлатзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба кӯдакони навзод умри дароз орзу намуда, зикр кард, ки маҳз қадами неки панҷгоникҳо буд, ки буҳрони пандемияи COVID-19 аз байн рафт ва Тоҷикистон имрӯз бе коронавирус аст.
Ҳамчунин Зулфия Абдусаматзода бо изҳори миннатдорӣ ба кормандони Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе иброз дошт, ки саломатии аҳолӣ, хусусан модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро аз модари солим бояд кӯдакони солим таваллуд шуда, ояндаи генафонди миллатро ташкил диҳанд.
Духтури табобатии модари панҷгоникҳо — Дилноза Мамадова — Сурайё Юнусова изҳор дошт, ки «30 декабри соли 2020 кӯдакон тавассути ҷарроҳии буриши қайсарӣ ба дунё омаданд. Ҳангоми таваллуд ба ҳар кӯдак якнафарӣ ниатолог вобаста карда шуд. Умуман ҷарроҳӣ 1 соат зиёдтар давом карда, ба он 12 нафар табибон сафарбар гардида буданд. Ҳоло вазъи саломатии модар ва 5 кӯдак хуб буда, ба хона гусел карда мешаванд».
Бояд гуфт, ки сиҳату саломат ба дунё омадан ва ба хона рухсат шудани 5 кӯдак барои кормандони Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастоварди хуб мебошад. Метавон гуфт, ки ин на танҳо ҷашни мо, балки тамоми мардуми тоҷик аст. Зеро нахустин бор дар Тоҷикистон ҳомилагии 5-тифла бо кӯдакони солим ба қайд гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2020 Дилноза Мамадова ва Барот Бобоев соҳиби 5 фарзанд – ду писар ва се духтар гардиданд. Ин оилаи ҷавон сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, соли 2008 хонадор шудаанд. Ҳоло кӯдакон 30-рӯза шуда, ба онҳо Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича номгузорӣ шудааст. Модари навзодон пеш аз таваллуд дар таваллудхона бистарӣ буд. Ҳар хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат анҷом дода шуд.












НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд






