IRS: Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ба таври муназзам бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бориши барф оғоз гардида, айни ҳол идома дорад. Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” роҳро ба таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Техникаҳои марбут ба филиали ширкат дар ҳолати омодабош қарор дошта, ба минтақаҳои аз бориш зиёдтар осебпазир сафарбар шудаанд.
Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”-ро сармашқи кор қарор дода, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтааст. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо дар ҳаҷми зарурӣ маводи зиддилағжиш, ангишт, сӯзишворӣ (солярка ва бензин), равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд.








Ҳайати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Парчами давлатии 500-метра дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир гардид
Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих






