IRS: Роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ба таври муназзам бо маводи зиддилағжиш коркард мешавад

Январь 19, 2021 10:25

ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз шоми дирӯз дар масири роҳи мошингарди Душанбе-Чанок бориши барф оғоз гардида, айни ҳол идома дорад. Кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” роҳро ба таври мунтазам бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Техникаҳои марбут ба филиали ширкат дар ҳолати омодабош қарор дошта, ба минтақаҳои аз бориш зиёдтар осебпазир сафарбар шудаанд.

Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021”-ро сармашқи кор қарор дода, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ гирифтааст. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо дар ҳаҷми зарурӣ маводи зиддилағжиш, ангишт, сӯзишворӣ (солярка ва бензин), равғанҳои молиданиву либосҳои зимистона захира шудаанд.

Январь 19, 2021 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад