Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) таҳти унвони «Саёҳати нави муқаррарӣ, бехатар ва солим», ки дар видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа оид ба самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколама табодули афкор сурат гирифт. Бо дарназардошти ҳамагирии коронавируси нав роҳбарони ҳайатҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар чаҳорчӯби МҲО дар заминаҳои иқтисодиву тандурустӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар суханронии худ С. Муҳриддин мавқеи кишвари моро дар мавриди самтҳои гуногуни ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи ҳамкории Осиё баён кард. Дар ин робита, аҳамияти андешидани тадбирҳои зарурӣ барои вокуниши муносиби муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошуда таъкид гардид.
Дар хотимаи нишаст санади поёнии ҷаласаи XVII вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё — Эъломияи Анқара қабул гардид.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд






