Кӯдакони шаҳри Хоруғ бо фаъолияти кормандони шуъбаи Хадамоти оташнишонӣ аз наздик шинос шуданд
ХОРУҒ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ як гурӯҳ тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳрро даъват намуда, як соат вақти худро дар утоқҳои корӣ, сарои мошинҳои махсуси оташнишонӣ, макони машқҳои тактикӣ гузарониданд. Дар зимн ба бисёр саволҳои кӯдакон оид ба сабабҳои сар задани сӯхтор ва роҳҳои бартараф намудани он ҷавобҳои мукаммал доданд.
Ба гуфтаи муовини сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят Кишвар Аҳмадбекзода, «баъзеҳо бар ин назаранд, ки кӯдакон ба мафҳуму моҳияти чунин мавзӯъҳо сарфаҳм намераванд ва беҳтар мебуд, ки хонандагони синфҳои болоиро ба мулоқот даъват мекарданд. Аммо ба ақидаи равоншиносон, кӯдакон хеле тезҳуш, зудфаҳму зирак ҳастанд ва маълумоти заруриро дар хотирашон ҳифз мекунанд. Азбаски ин қишри ҷомеа аз ҳама бештар дар муқобили сӯхтор осебпазиранд, аз ин рӯ мо чанд сол пай дар пай кӯдаконро ба бинои шуъбаи оташнишонӣ даъват мекунем ва ҳамзамон дар чорабиниҳои мухталифи муассисаҳои таълимии вилоят низ ширкат мекунем».
Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии вилоят аз кӯдакон даъват карданд, ки дар хона ва ё дар кӯдакистон ҳаргиз ба асбобу анҷоми барқӣ даст нарасонанд ва агар бӯи ноқилҳои барқӣ ба машомашон расад, зуд мураббияҳои худро аз он огоҳ созанд.
Ҳамчунин ба диққати кӯдакон ва мураббияҳои онҳо расонда шуд, ки бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ байни кӯдакон озмуни «Расмҳои беҳтарин» баргузор мешавад. Хоҳишмандон метавонанд расмҳои худро ба ин озмун пешниҳод намоянд.
Пас аз мулоқот ба ҳамаи кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






