Кормандони милитсия аз намоиш-фурӯши асарҳои нашриёти «Адиб» барои худ ва фарзандон китобҳои зарурӣ дастрас намуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори Нашриёти давлатии «Адиб» намоиш-фурӯши китобҳо ба роҳ монда шуд, ки дар ин маъракаи фарҳангӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, барои худ ва фарзандонашон китобҳои зарурӣ дастрас намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар намоишгоҳ ҳашт ҷилди навбатии силсилаи 50-ҷилдаи «Ахтарони адаб», зиёда аз 150 номгӯй асарҳои илмию бадеӣ, дар умум 5 ҳазор нусха асарҳои шоирону нависандагони адабиёти классику муосири тоҷик ва хориҷӣ ба фурӯш гузошта шуданд.
Тавре муовини роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ иброз намуд, «имрӯз ҳар корманди мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯйи масъулияти хеш дар ин ярмарка-фурӯши китоб иштирок намуда, барои худ китоб харид».
Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ китобҳои соҳавӣ низ вобаста ба самти ҳуқуқ ба фурӯш гузошта шуданд, ки бо маблағи аз ин китобҳо бадастомада адабиёти бачагона харидорӣ намуда, ба ятимхонаҳо ва кӯдакистонҳо тақдим карда мешавад.
Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ китобхонаҳо созмон дода шуда, кормандон пайваста ба мутолиа машғул мешаванд, зеро ин иқдом баҳри баланд бардоштани маърифатнокии онҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти вазорат ба китобу китобхонӣ рӯз то рӯз бештар гардида, ҳайати шахсии он кӯшиш мекунад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш китобҳои гуногун мутолиа намоянд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






