Кормандони вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногуни мамлакат Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намуданд
ДУШАНБЕ, 26.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз кормандони вазорату идораҳо ва сохторҳои гуногун, инчунин сокинони мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ мустақиман тамошо намуданд.
Дар толори марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва кормандони Вазорат дастаҷамъона баргузории ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баён гардид, мустақиман тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо карданд.
Инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои маҳалли иқомати худ Паёми мазкурро тамошо намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор хабар медиҳад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон низ чун дар дигар муассисаву корхонаҳои мамлакат кормандон дастаҷамъӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуниданд. Як бахши муҳими ин Паём бевосита ба китобу китобхонаҳо дахл дошт. Пешвои муаззами миллат дар канори баррасии кулли масоили мубрами рӯз чун ҳамеша ба рушди илму маърифат, китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Аз ҷумла, эълони озмуни нав бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” ташаббуси нави созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пешвои миллат фармуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамасола гузаронида шавад.
Дар баробари ин Президенти мамлакат ба баргузории соли дуюми Озмуни ҷумҳуриявиии «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» дахл намуда, баргузории онро ҷиҳати соҳибмаъирфатию худогоҳии мардуми кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз масъулони баргузории даври асосии Озмуни ҷумҳуриявиии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Аз 7 то 15 декабри соли 2020 даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷараён гирифт, ки аз рӯйи панҷ номинатсия иштирокчиён маҳорати худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзи дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад карданд. Масъулони Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории сатҳи баланди чорабинии имсола низ тадбирҳои муҳиме рӯйи кор гирфтаанд, ки боз намудани толори алоҳидаи муҷаҳҳаз бо адабиёти зарурӣ ва баргузории маҳфили «Шоме дар китобхона» аз ҳамин тадбирҳо мебошанд.
Хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад, ки имрӯз сокинон ва кормандони сохторҳои гуногуни шаҳри Турсунзода дар 200 ҷойи ҷамъиятӣ ва 135 муассисаи таълимии шаҳр пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов гуфт, ки “имрӯз пахши мустақими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр тавассути 135 адад баландгӯякҳои радиоҳои давлатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, бозорҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ ва кӯчаҳои марказии шаҳр гуш намуданд, ки онро дар оянда ҳамчун дастурамали зиндагӣ истифода менамоянд”.
Сардори нозироти андози шаҳри Турсунзода Амирхон Икромзода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «мо, кормандони нозироти андози шаҳри Турсунзода Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо намуда, онро ҳамчун дастурамали корӣ истифода менамоем. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи мукаммали рушд аст, ки амалисозии он аз ҳар шаҳрванд, махсусан аз хизматчии давлатӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҳисси масъулияти баланд тақозо менамояд».
Директори маркази ташхиси минтақавии Агентии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Турсунзода Саидқул Файзуллоев иброз дошт, ки «дар замони истиқлоли давлатӣ дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати иқтисодию иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зиндагии мардум хуб шуда, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ зиёд гардида истодаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имконияти мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».













ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад
Маросими ҷаноза ва дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе гузоштани қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои таърихиву ҷонфидои миллат
Беш аз 21 ҳазор ҷавонон дар баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолии Тоҷикистон саҳм мегузоранд






