МУБОРАК БОД! Бо Фармони Президенти Тоҷикистон ба Сардори Хадамоти гумрук рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрук дода шуд

Январь 22, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  иттилоъ додем, имрӯз кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон иди касбии худро таҷлил намуданд. Дар робита ба он дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаи кадрҳо Асадулло Раҳмон ва  собиқадорони мақомоти гумрук иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид гумрукчиёни кишварро бо ин сана шодбош гуфта, барои  барзиёд иҷро намудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ минатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳар корманди мақомоти гумрук расонид ва  изҳори умед намуд, ки  минбаъд низ барои босамар анҷом додани вазифаҳои ба зиммагузошта ҷаҳду талош менамоянд.

Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрҳо  Асадулло Раҳмон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани рутбаи генерал-лейтенанти хадамоти гумрукро ба сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ба самъи ҳозирин расонд ва Хуршед Каримзодаро бо рутбаи навбатӣ  муборакбод намуд.

Бо фармоишҳои сардори Хадамоти гумрук барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук бо мукофот, ифтихорнома, сипосномаву раҳматнома, медали ҷашнии «25-солагии мақомоти гумрук»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нишони сарисинагии «Аълочии хадамоти гумрук» қадрдонӣ гардиданд.

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои олии кишвар, дигар ташкилоту корхонаҳо ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

Ба хотири фаъолияти судманд мудири шуъбаи дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва муаллифи Тафсири Кодекси гумрук, инчунин гурӯҳе аз устодони донишгоҳҳои молия ва иқтисод, тиҷорат ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ бо медали «Барои таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамзамон дар ин рӯз  маросими савгандёдкунии кормандони ҷавони мақомоти гумрук доир гардид.

Январь 22, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид