Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар рафъи оқибатҳои садама иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 06.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибати садамаи нақлиётиро дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» бартараф карданд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумита ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 5 январи соли 2021, тахминан соати 12:10 ба вақти маҳаллӣ ба нуқтаи идоракунии навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар расид, ки дар километри 146-уми шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар наздикии Ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд садамаи нақлиётӣ рух додааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Зарафшон ба ҷои ҳодиса расида, муайян карданд, ки мошини боркаши “Дулан”, ки паси чамбараки он сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳристон нишаста буд, ҳангоми ҳаракат аз Хуҷанд ба самти Душанбе аз уҳдаи идора намудани мошин набаромада, мошин ба ҷарии 300 метр сарозер шудааст. Дар натиҷа ронанда дар ҷои ҳодиса ҳалок гардидааст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ва асбоби махсус ҷасади ронандаро аз дохили мошини харобшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракати роҳ ва суръати ҳаракатро қатъиян риоя кунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






