Намояндаи Тоҷикистон соҳиби Дипломи дараҷаи 2 Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11 Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Ҷалолиддин Абдуллоев дар Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ, ки тариқи онлайн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 аз сози фортепиано гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамзамон хонандаи синфи 4 Мактаби санъати бачагонаи №3 ба номи А.Ленский Муаттара Маликова чун иштирокчӣ ва муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Сангалӣ Ҳамидов ба сифати узви ҳайати ҳакамон бо Сертификати махсуси озмун сарфароз гардонида шуданд.
Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ аз ҷониби Маркази ҷавонони «КАИНАТ»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 1 июн то охири соли 2020 тариқи онлайн дар се давр баргузор гардид. Дар он довталабон дар номинаҳои мухталифи созӣ-касбӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тотористон, Бошқирдистон, Россия, Туркия, Миср ва Марокаш ширкат варзиданд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






