Намояндаи Тоҷикистон соҳиби Дипломи дараҷаи 2 Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ гардид

Январь 12, 2021 11:15

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11 Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев  Ҷалолиддин Абдуллоев дар Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ, ки тариқи онлайн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 аз сози фортепиано гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамзамон хонандаи синфи 4 Мактаби санъати бачагонаи №3 ба номи А.Ленский Муаттара Маликова чун иштирокчӣ ва муовини раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Сангалӣ Ҳамидов ба сифати узви ҳайати ҳакамон бо Сертификати махсуси озмун сарфароз гардонида шуданд.

Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ аз ҷониби Маркази ҷавонони «КАИНАТ»-и Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 1 июн то охири соли 2020 тариқи онлайн дар се давр баргузор гардид. Дар он довталабон дар номинаҳои мухталифи созӣ-касбӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тотористон, Бошқирдистон, Россия, Туркия, Миср ва Марокаш ширкат варзиданд.

Январь 12, 2021 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид