Нашриёти «Адиб» дар Истаравшан намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Январь 20, 2021 08:49

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Истаравшан намоиш-фурӯши китоб доир гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси нашриёти «Адиб» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан    амалӣ шуда, зиёда аз 182 номгӯй китобҳои тозанашр пешниҳоди мизоҷон ва ихлосмандони каломи бадеъ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода зимни боздид аз ҷараёни намоиш-фурӯши китобҳо зикр намуд, ки «сафи дӯстдорони китоб имрӯзҳо ба маротиб афзудааст ва ташкили чунин намоиш — фурӯши китобҳо басо муфид буда, дӯстдорони ин ганҷинаи ҳикмат метавонанд мувофиқи завқи худ адабиёти зарурӣ пайдо ва мутолиа намоянд».

Дар намоиш- фурӯши китобҳо шумораи зиёди сокинони шаҳр, аз ҷумла толибилмон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат варзида, бо баъзе аз муаллифони китобҳо аз наздик шинос шуданд.

Чунин намоиш-фурӯши боҳашамати китобҳо бори нахуст дар шаҳри Истаравшан баргузор гардида, шумораи китобҳои ба намоиш гузошташуда дар маҷмӯъ беш аз 5 ҳазор нусхаро ташкил намуд. Ва он иқдоми хубест ҷиҳати эҳёи фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ дар мамлакат.

Январь 20, 2021 08:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд