НОСЕҲИ НОРОСТХӮ. Вакили Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Назирӣ роҷеъ ба хиёнат ва риёи Муҳаммадиқбол дар филми мустанади «Бешарафӣ»

Январь 22, 2021 15:11

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Миллати шарафманд ва  бо нангу номуси тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолааш аз ҳуҷумҳои ногаҳониву ноҷавонмардонаи «фарзандони худ» ҷабри зиёд дидааст. Ба ёд орем қаҳрамониву бебокии Темурмаликро, вале  кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои хеш мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Хуни ин гуна ашхоси буздилу риёкор имрӯз дар шарёни Муҳаммадиқболи Садриддин барин хоинони миллат ҷорист. Исботашро мо тайи чанд соли охир дар симои ин хоинон дида истодаем. Инчунин филми мустанади «Бешарафӣ», ки тариқи телевизионҳои мамлакат рӯи навор омад, чеҳраи аслии ин марди бешарафро нишон дод. Дар ин бора вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси фраксияи ҲХДТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Гулбаҳор НАЗИРӢ   андешаҳояшро зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён  намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки дар марҳилаи ҷаҳонишавии давлатҳову тамаддунҳо, вазъи ноороми сайёра, тағйир ёфтани раванди зиндагӣ дар паноҳи хоҷагони хориҷӣ дину мазҳаб, Ватану миллат ва падару модари худро фурӯхта, бо роҳи дуррӯғбофию бӯҳтонзанӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бадном сохтани ин зумраи хиёнатпеша далели бешарафии онҳост.

«Ин беиқболи нотавон тавре худ дар мақолаҳои подарҳавояш менигорад, аз маъруфтарин лагандбардорон ва мунофиқтарин «сарбозони ҷонфидо»-и  ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ маҳсуб ёфта, имрӯз  бо суханҳои  иғвоангези худ ба қавле «ситора» шудааст»,-зикр кард Гулбаҳор Назирӣ.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки ин шахси бешараф худро донандаи асили ислом муаррифӣ намуда, аз дину диёнат сухан карда, мардумро ба гумроҳӣ бурда, бо истифода аз эҳсосоти динии мардум  аз даҳҳо нафар шахсон ба хотири ба даст овардани манфиат маблағ гирифтааст. Моҳи августи соли гузашта ба прокуратураи генералӣ чанд нафар бо аризаи шикоятӣ даъво намуданд, ки Муҳаммадиқбол аз онҳо  маблағи пулии калон гирифта, барнагардонидааст. Дар маҷмӯъ, ин қаллоб аз  мардум ба хотири қонеъ намудани нафсаш 430 ҳазор доллар маблағ гирифтааст. Ва онро имрӯз ба манфиати худу дӯстонаш масраф карда истодааст.

Ин хоини ватанфурӯш  пеши худ мақсад мегузорад, ки дар ҳаққи кӣ тӯҳматнома нависад. Ӯ банди нафсу пулҳои ҳангуфти хоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом гирд кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ё он нафар аст. Ботини ӯ пур аз бухлу ҳасуд аст. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст.   Аммо яқин, ки ӯ ба хотири манфиатҳои хешу дӯстонаш миллати худро кайҳо фурӯхтааст. Агар Муҳаммадиқбол  заррае ҳам нангу номус медошт, агар Ватанашро бо дил дӯст медошт, (ҳамон гуна ки дар нигоштаҳояш меорад) чунин тӯҳмату бӯҳтонро дар ҳаққи чеҳраҳои маъруфи кишвар намекард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол қабл, зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар вобаста ба хатарҳои замони муосир изҳори андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд: «Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам  торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз ҳам бо дасти гумоштагону зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд. Зархаридону хоинони миллат, ки имону мазҳаби худро фурӯхтаанд ва тавассути расонаҳои хабарии ташкилкардаи хоҷагони хориҷии солҳои 90-умашон бар зидди мардум ва таъриху фарҳанги халқи бостонии худ туҳмат мебофанд, бехабаранд, ки теша бар решаи хеш мезананд. Мардуми тоҷик инро бояд донад. Маҳз барои ҳамин ман доим таъкид мекунам, ки мо бояд ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем».

Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятӣ ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам  паст нашудааст. Мубориза ба муқобили терроризму экстремизм ва дар умум ҳамаи падидаҳои номатлуб ва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеа, аз ҷумла аъзою фаъолони ҷомеаро тақозо менамояд.

Имрӯз Тоҷикистон бо ибтикору дастгирӣ, заҳматҳои доимии Пешвои муаззами миллат ва саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди мамлакат ба давлати ободу амн табдил ёфтааст. Дар натиҷаи иқдомҳои ҳадафмандона рушди устувори миллӣ дар мамлакат таъмин гардида, ҷиҳати беҳдошти зиндагии мардуми ин сарзамин  шароити беҳтарин фароҳам гардидааст.

Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат, таҳкими истиқлол, рушди иқтисодиёти миллӣ, пойдории иҷтимоӣ ва суботи сиёсии кишварамон, ҳамзамон баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру ва имконияти мавҷударо сафарбар менамоем.

Дар оғози соли нави мелодӣ, ки соли ҷашнҳои бузурги миллат, аз ҷумла 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода аст, моро зарур аст аз пештара бештар фаъол ва ҳушёру зирак бошем. Тамошои филми «Бешарафӣ» дар самти мазкур, шинохтани дӯсту душман, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳидояти ҳамдигар ба бунёдкорию созандагӣ метавонад ба мо сабақи бузург диҳад.

Ба ин нафарон гуфтанием, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир дорем, чунки Пешвои маҳбуб дорем.

Ин парвардаи  наҳзатиҳои террористӣ ягон вақт пирӯз наҳоҳад шуд. Баръакс, ҳамон қадаре, ки моро сиёҳ мекунанд, ҳамон андоза мо пурқуввату неруманд мешавем.

«Имрӯз миллат соҳиб дорад. Соҳиби он халқи ваҳдатшиору заковатпеша аст. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу осоиш ва дур будан аз риёкорист. Зеро риёкору ватанфурӯшро ҳам Худо ва ҳам миллат ҳаргиз нахоҳад бахшид»,-гуфт дар хотимаи суҳбат Гулбаҳор Назирӣ.

 София ШОИК,
АМИТ “Ховар”

Январь 22, 2021 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми Муколамаи занони Осиёи Марказӣ иштирок намуданд
ДОНИСТАН ХУБ АСТ. Чаро ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳавопаймоҳои мусофирбарро ба боркашон табдил медиҳанд?
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Хуҷанд вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамоиш доир шуд
«ТАРБИЯ АЗ ОИЛА САРЧАШМА МЕГИРАД». Вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ ва тарбияи фарзандон озмуни ҷумҳуриявӣ эълон мешавад
БАҚОИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Дар ноҳияи Ашт ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 45-уми Шурои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар фаъолияти сохтмонии ИДМ суханронӣ намуд
Ҳайати бонуфузи гурӯҳи Шурои директорони Бонки Осиёии Рушдро шоҳкории устоҳои чирадасти тоҷик ба ҳайрат овард
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади идона доир шуд
«ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ». Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Донишкадаи инноватсионии Душанбе Рӯзи забони давлатӣ таҷлил шуд