ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад

Январь 22, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 22.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.   Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  абрнок шуда,   дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15  дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона  20-35 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф  меборад. Дар ноҳияҳои боришоти бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва рӯзона  6-11 дараҷа хунук  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо  бориши бошиддат ва пуршиддат ба ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон борида ба барф мубаддал мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  аз 1 дараҷа хунук то1 дараҷа гарм ва рӯзона   2+4 дараҷа хунук мешавад.

Январь 22, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад