ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад

Январь 9, 2021 08:16

ДУШАНБЕ, 9.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона ҳаво 4-9 дараҷа  хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 30-35 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо 38-43 дараҷа хунук шуда, рӯзона ҳарорати ҳаво 15-20 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабри бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона -3+2 дараҷа хунук мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона  1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 8-13  ва рӯзона -2+3 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5-10 дараҷа ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9-14 ва рӯзона -3+2  дараҷа хунук  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9  ва рӯзона 4+6 дараҷа хунук  мешавад.

Январь 9, 2021 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад