ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ НАВИ ОБЁРӢ. Дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.01.2020. /АМИТ Ховар/. Чанд рӯз аст, ки дар доираи корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар Канали калони Фарғона корҳои тозакунӣ оғоз гардидаанд. Иқдоми мазкур бо ибтикори кормандони идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷараён дорад.
Тавре масъулини идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳоло кормандони идора ба корҳои омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ шурӯъ намудаанд. Иҷрои ин амал ба иҷрои ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, таъмини амнияти озуқаворӣ, амалигардонии Даҳсолаи нави амал «Об барои рушди устувор», сари вақт ва босифат обёрӣ гардидани заминҳо ва пешрафти соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо талабот ба об камтар буда, фурсати муносибест барои таъмиру тармими таҷҳизоти обкашӣ, тоза кардани каналу заҳбурҳо ва умуман омодагӣ ба обёрии мавсими нав.
Имсол тибқи нақша тоза намудани канал ба масофаи 25000 метри мукааб ба нақша гирифта шуда, асосан ҷойҳои осебпазири он тоза карда мешавад. Бо ин мақсад ба мавзеи кор техникаҳои замонавӣ ҷалб карда шуда, то имрӯз 70 дарсади корҳо иҷро гардидаанд.
Обёрии заминҳои аксар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр аз Канали калони Фарғона, ки имсол аз баистифодадиҳии он 82 сол мегузарад ва он муддати 45 рӯз бе истифодаи техникаю тариқи ҳашар кофта шудаааст, сарчашма мегирад. Инчунин як қисми сокинони шаҳр аз оби Канали калони Фарғона истифода мебаранд.










ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






