Пагоҳ дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад
ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 январ, аз соати 08:00 то 13:00 Нашриёти «Адиб» дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи талабу дархости кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп расидаанд, ташкил хоҳад кард.
Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиш – фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Фарзона, Озарахш ва Озар пешниҳоди дӯстдорони мутолиа мегарданд.
Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок менамоянд, ки дӯстдорони мутолиа метавонанд дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Роҳбарияти нашриёт тасмим гирифтааст, чунин намоиш –фурӯшро дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.
Сарвари давлат дар Паёмашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…аз соли 2007 то соли 2019 38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт боқӣ мондааст».
Вобаста ба ин Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.








«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад






