Пагоҳ дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир мегардад

Январь 20, 2021 09:58

ДУШАНБЕ, 20.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 21 январ,  аз соати  08:00 то 13:00 Нашриёти «Адиб»  дар саҳни бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тибқи талабу дархости кормандони мақомоти Прокуратураи генералӣ  ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форсро, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чоп  расидаанд,  ташкил хоҳад кард.

Тавре директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,  дар  намоиш – фурӯш  китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби  Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст, ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳутӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ва  асарҳои ба тозагӣ нашршудаи шоирони маҳбуби тоҷик Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб,  Фарзона, Озарахш ва  Озар  пешниҳоди дӯстдорони мутолиа  мегарданд.

Номбурда афзуд, ки дар ин намоишгоҳ шоирону навсиандагони машҳури тоҷик иштирок менамоянд, ки  дӯстдорони мутолиа  метавонанд дар китобҳои харидаашон соядасти онҳоро гиранд, бо онҳо ҳамсуҳбат шаванд.

Ёдовар мешавем, ки соли дуюм аст, ки  дар мамлакат аз ҷониби Нашриёти «Адиб» намоиш — фурӯши китоб гузаронида мешавад. Роҳбарияти нашриёт тасмим гирифтааст, чунин намоиш –фурӯшро  дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир ва тавассути он тамоми  мардуми ҷумҳуриро бо китоб таъмин намояд.

Сарвари давлат дар Паёмашон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки «…аз соли 2007 то соли 2019  38 ҷилди китоби «Ахтарони адаб» 190 ҳазор нусха чоп шудааст, аммо қисми зиёди он ба фурӯш нарафта, дар анбори нашриёт боқӣ мондааст».

Вобаста ба ин Пешвои миллат  ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Январь 20, 2021 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд
Дар Москва 1035-солагии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таҷлил гардид
Дар Хуҷанд намоиши «Муаррифии ҳунарҳои мардумии халқи тоҷик» ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи фалак барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи фалак таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
«САДОИ ДИЛ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён доир мешавад
«Орифе аз Ховалинг». Қиссаи нави барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Маҷид Салим ба нашр расид
Хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гардид
Хонандаи литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Левакант ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ гардид
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024 муайян шуданд