РӮЙДОДИ АСТРОНОМИИ НАВ ДАР ОҒОЗИ СОЛИ 2021. Астероиди эҳтимолан хатарнок ба Замин наздик мешавад

Январь 12, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/.  13-14 январ як астероиди хатарнок аз назди   Замин мегузарад, ки таҳдиди он ба  сайёраи хеле ночиз ва бархӯрдаш ҳам бо он ғайриимкон мебошад. Ин нуктаро Директори Институти астрофизикаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Номбурда афзуд, ки астероиди нав бо номи 2020 WU5 29 ноябри соли 2020 бо ёрии телескопи кайҳонии Неовайз кашф шудааст. Пас аз коркарди аксҳо маълум гардид, ки астероиди нав ба гурӯҳи астероидҳои наздизаминӣ («Аполлон») дохил шуда, бо номи 2020 WU5  дар махзани маълумоти астрономии ҷаҳонӣ қайд гардидааст.

«Мадори ҳисобшудаи астероид нишон медиҳад, ки он ба Замин наздик шуда метавонад,-гуфт директори Институти астрофизикаи АМИТ ва афзуд, ки дар асоси моделсозии ҳаракати астроид солҳои 1900 то 2094 астероид зиёда аз 60 маротиба  бо масофаҳои гуногун  ба Замин аллакай наздик шудааст ва дар оянда низ  наздик хоҳад шуд.

Андозаи ин астероид тахминан 1 км мебошад. Бо назардошти наздикшавӣ ба Замин ва ҳамин андоза ин ҷирми кайҳонӣ ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок ба Замин дохил мешавад.

Гулчеҳра Қоҳирова зикр кард, ки наздикшавии навбатии астероид ба Замин шаби 13 ба 14 январи соли 2021, соати 01:40-и вақти маҳаллӣ ба вуқӯъ меояд. Дар ҳамин лаҳза масофаи байни астероид ва Замин 8.1 миллион километрро ташкил медиҳад.  Барои муқоиса, ин масофа аз масофаи байни Замин ва Моҳтоб 20 маротиба зиёд мебошад. Олимон чунин меҳисобанд, ки наздикшавӣ дар чунин масофа   бархӯрдро бо Замин ба  вучҷуд намеорад.  Бинобар ин, таҳдиди астероид ба Замин шаби 13-14 январ хеле ночиз буда, бархӯрди ӯ бо Замин ғайриимкон мебошад. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сайъ доранд, ки ҳаракати астероиди 2020 WU5-ро зери таҳқиқ қарор гиранд. Чунин маълумот барои махзани маълумоти астрономии ҷаҳонӣ хеле зарур мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки  наздикшавии навбатии астероид ба Замин 11 июли соли 2021 дар масофаи қариб 24 миллион километр ба вуқӯъ меояд.

Январь 12, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад