Расмиёти тасвиби асноди вобаста ба додани мақоми нозир ва шарики СААД анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расмиёти аз тарафи ҳамаи кишварҳои узви СААД тасвиб намудани чор Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Оинномаи СААД ва Созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СААД.
Сухан дар мавриди протоколҳои зерин меравад:
— Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992;
— Протоколи дуюм дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи мақоми ҳуқуқии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002;
— Протоколҳои дуюм ва сеюм дар бораи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи СААД.
Асноди мазкур 8 ноябри соли 2018 дар Остона (ҳоло — Нур-Султон) имзо шуда буданд, аз ҷумла, дар онҳо тағйироти меъёрӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди ҳайати Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва мақоми ҳуқуқии муовинони дабири кулли СААД пешбинӣ шудаанд.
Бо мақсади рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо давлатҳое, ки узви Созмон ва созмонҳои байналмилалӣ намебошанд, Протоколи сеюм дар бораи ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ заминаи ҳуқуқии додани мақоми нозирро дар назди СААД ва шарики Созмон муқаррар мекунад.
Протоколҳои мазкур 19 январи соли 2021 эътибори расмӣ пайдо карданд.
Ёдовар мешавем, ки Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро 15 майи соли 1992 сарони шаш кишвари узви ИДМ — Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон имзо намуда буданд. Моҳи сентябри соли 1993 Озарбойҷон, моҳи декабри ҳамон сол — Гурҷистон ва Беларус ба он ҳамроҳ шуданд. Аҳднома 20 апрели соли 1994 эътибори расмӣ пайдо кард.
Моҳи апрели соли 1999 Протоколи тамдиди Паймони Амнияти Дастаҷамъиро шаш кишвар (ба истиснои Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбекистон) имзо карданд.
14 майи соли 2002 Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) таъсис ёфт, ки Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистонро муттаҳид мекунад. Моҳи июни соли 2006 «Дар бораи барқарор кардани узвияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар СААД» қарор қабул карда шуд, аммо моҳи декабри соли 2012 узвияти ин кишвар боздошта шуд. Дар ҳоли ҳозир, дар СААД шаш давлат — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
7 октябри соли 2002 Оинномаи СААД қабул карда шуд. Тибқи он, ҳадафҳои асосии Созмон таҳкими сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, муҳофизати истиқлол, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии давлатҳои узв дар заминаи дастаҷамъӣ мебошанд ва давлатҳои аъзо барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ба воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд.
Соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД раёсат мекунад.
АКС: odkb-csto.org










Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд






