Пагоҳ дар Душанбе дар базмгоҳи ҷашни Сада имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада, ки пагоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе доир мешавад, дар радифи намоиши ниҳолу, зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гушаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокорони тантанаҳои идона мегардад.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бори аввал намоиши мастер класҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии куҳнавардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру саёҳат гардонида мешавад. Инчунин бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маводҳои иттилоотии сайёҳӣ, бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру саёҳат тақдим мегардад.
“Дар намоишгоҳ маводи иттилоотию тарғиботии сайёҳӣ, имкониятҳои хизматрасонии ширкатҳои сайёҳӣ вобаста ба намудҳои афзалиятноки соҳа ва эҷодиёти донишҷӯёни Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, инчунин бахши сайёҳии Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе ба тамошо гузошта мешаванд»,-афзуд манбаъ.
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, он ҳамчун ҷашни омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз истиқбол мегардид.
Сада, ки дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, назири ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми мо маҳсуб ёфта, маҳбубияти он аз замонҳои бостон то рӯзгори мо расидааст.Маҳз ҳамин фарҳангу тамаддуни ниёгони мо ттаваҷҷуҳи зиёди сайёҳону меҳмононро баҳри шиносоӣ ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, расму оини мардумӣ ҷалб намудааст.
Ҳадаф аз муаррифии дастоврадҳои сайёҳи дар базмгоҳи ҷашни Сада, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби анъанаҳои миллии ниёгон ва ба ин васила боло бурдани нақши тамаддунсози миллати тоҷик ва муаррифии имкониятҳои шоистаи сайёҳӣ кишвар, хусусан иди Сада ҳамчун бренди сайёҳӣ мебошад.
Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






