Сада — ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардум. Аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод дар таҷлили ин иди суннатӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз аҳли заҳмати ноҳияи Муъминобод дар иди Сада, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, иштирок намуда, маҳсули дастранҷи деҳқонони ноҳияро ба намоиш гузоштанд. Дар ин бора аз бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон бо тарзҳои гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё дар баландии кӯҳистон гирд оварда буданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар маъхазҳои таърихӣ омадааст, ки Сада ҳамеша ба шакли дастаҷамъӣ ва бо гирди ҳам омадани ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар як ҷо ва бо барпо намудани оташ ё гулхани бузург баргузор мешудааст.
Мардумон дар гирд овардани ҳезум ба якдигар кумак намуда, ба ин тартиб ҷашни Сада- ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро якҷояю самимона ва дӯстона таҷлил менамудаанд.
Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин ҷашн қариб, ки аз байн рафта буд. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада бори дигар эҳё гардида, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои Ватани азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






