САДА – ПАЙҒОМИ СИПАРӢ ГАШТАНИ САРДИҲО ВА НАМОДИ НАЗДИК ОМАДАНИ ФАСЛИ ГАРМИҲО ВА САБЗИДАНУ ШУКУФТАНҲО. То таҷлили ин ҷашни бостонии ниёгонамон чанд рӯзи дигар боқӣ мондааст

Январь 21, 2021 08:38

ДУШАНБЕ, 21.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада пеш аз фарорасии Наврӯз бузургтарини иди суннатии тоҷикон мебошад. Имсол ин ҷашни суннатӣ дар Тоҷикистон 30 январ таҷлил карда  мешавад.  

 Вобаста ба таърих ва хусусиятҳои ҷашни Сада президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА  ва мушовири АИКТ, академик Давлатҷон КОМИЛЗОДА  дар суҳбат бо   хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша  намуданд:

— Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ин мутафаккир ва таърихнигори барҷастаи тоҷик инчунин дар осари дигараш  «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Ҳангоми баргузории ҷашни Сада ин шеър хонда мешуд: «Сада, Сада, сад ба ғалла ва панҷоҳ ба Наврӯз».

Сада чун оини меҳрпарастӣ асосан пас аз анҷоми чиллаи калон таҷлил мегардад. Сада бошукӯҳтарин ҷашни аҷдодӣ буда, паёме аз даврони куҳан, ихтирои бузурги инсоният-оташ мебошад. Оташе, ки ба хотири ҷашни Сада меафрӯзанду дар гирди он аловпарак доир менамоянд, моро ба гузаштаи дур мебарад, ба марзае, ки дар он ниёгони мо дӯстиву муҳаббат ва рӯшноӣ офаридаанд.

Фирдавсии бузург оғози ҷашни Садаро ба рӯзи кашфи оташ вобаста кардааст, чунки оташ яке аз муҳимтарин унсури ҳаётофар дар радифи об, ҳаво ва хок мебошад. Асоси ҷашни Садаро афрӯхтани гулханҳои хурду калон ташкил намуда, дар атрофи онҳо мардум хони ҷашнӣ ороста, бо суруду шеърхонӣ, рақсу бозӣ аз шаб то саҳар хурсандӣ менамуданд. Оташ ҳамсафари рӯзгори инсон буда, гармӣ ва рӯшноии он асоси идомаи ҳаёт мебошад.

Шоири тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ чунин васфи Сада намудааст:

Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,

Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.

Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,

Ҳаст рамзи рӯҳи мардони бузург.

Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,

Расми аҷдодии худ эҳё кунем!

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҷашни Сада ба 30 январи солшумории мелодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр ин навиштаи Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада дар даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози ҷашни Наврӯз баргузор мегардад».

Абӯрайҳони Берунӣ дар китобаш «Китоб-ул-тафҳим» оид ба Сада чунин менигорад: «Дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он хӯранду рақсу шодӣ кунанд».

Инчунин суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегиранд. Суннати Сада- афрӯхани оташ то имрӯз дар рӯзи ҷашн ба ҳукми анъана даромадааст.

Парандаи дӯстдоштаи айёми ҷашни Сада хурӯс буда, он шабзиндадорӣ намуда, мардумро аз дамидани рӯшноӣ ва фурӯғи хуршед хабар медод. Сада бо оростани дастархони ҷашнӣ ва базму тараб доир мегардид. Дастархони мазкур бештар аз донагиҳо иборат буда, рӯи он таомҳои аз рӯи миҷоз гарм, ба мисли қурутоб, далда, кашк ва ғайра ороста мешуданд.

Сада аз сипарӣ шудани зимистон, наздик шудани фасли баҳор ва оғози корҳои кишоварзон хабар медиҳад. Ҷашни мазкур дар майдонҳои васеъ, дар фазои озод ва талу теппаҳо бо иштироки зану мард, кӯдакон ва тамоми мардум гузаронида шуда, аз ин рӯ онро иди ҳамагон меномиданд. Ҷашни мазкурро махсусан кишоварзон бесаброна интизор шуда, дар баргузории он фаъолона иштирок менамуданд.

Бо гузашти замон ин ҷашни миллии мо ба кунҷи фаромӯшӣ рафта, ба таври зарурӣ қайд намегардид. Маҳз дар замони истиқлол бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон ҳамчун ҷашни миллӣ аз нав эҳё гардид.

Мо бояд анъанаҳои ниёгонамонро идома дода, расму оинҳои хоси ҷашнҳои миллиро пос дошта, ғанӣ гардонем ва барои амалӣ гаштани онҳо мусоидат намоем. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада бештар иди барзгарон, аз ҷумла иди касбии соҳаи кишоварзӣ низ ба шумор меравад. Яке аз оинҳои ҷашни мазкур ҷамъбаст ва натиҷагирии соли гузашта мебошад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Январь 21, 2021 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад