Саховатмандону сокинон деҳаи Шаҳрисабзи шаҳри Турсунзодаро ба майдони корҳои созандагӣ табдил додаанд
ТУРСУНЗОДА, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва Турсун Тӯйчиев корҳои таъмиру тармими роҳу ҷӯйборҳо ва чароғонкуниву сабзазоркунӣ вусъати тоза гирифтаанд. Ба ин иқдоми созанда ҷавонмардони саховатманд ва сокинони бонангу ори Ҷамоати деҳоти Регар низ пайравӣ намуда, тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои созандагиро вобаста ба рушди маҳал вусъат медиҳанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов изҳор дошт, ки имрӯзҳо аз ҳавои мусоиди фасли зимистон истифода намуда, деҳаи Шаҳрисабзи шаҳр ба майдони корҳои созандагӣ табдил ёфтааст. Саховатмандону сокинон бо эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободонии маҳал камари ҳиммат баста, ба таъмиру тармими роҳу ҷӯйборҳо машғуланд.
Ҳамзамон дар ин деҳа корҳои беҳдошти муҳити зист ва чароғонкуниву хуррамгардонӣ муташаккилона идома доранд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






