Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Лахш расид

Январь 12, 2021 10:03

ЛАХШ, 12.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»-ро ба ноҳияи Лахш расониданд.

Тавре масъулини ноҳияи Лахш ба мухбири минтақавии АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва командони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардидааст. Аъзои гурӯҳи мазкур ин  туҳфаро аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.

Мақсади асосии  чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат  мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.

Январь 12, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид