Сокини шаҳри Левакант Қиëмидин Муъминов беш аз 3000 навъи гуногуни дарахти пистаро аз хориҷи мамлакат ворид намуд

Январь 23, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 23.01.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар деҳаи Сарбанди Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканти вилояти  Хатлон боғпарвар Қиëмидин Муъминов беш аз 3000 навъҳои гунони дарахти пистаро аз хориҷи мамлакат ворид намуда, дар гармхона парвариш менамояд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси шаҳри Левакант иттилоъ медиҳад.

Ба гуфти Қиëмидин Муъминов, навъҳои пистаи вориднамудааш тез боровар шуда, ҳосили фаровон медиҳанд. Инчунин шароити табиии Тоҷикистон   имкон  медиҳад, ки талаботи дохилӣ бо навъу шаклҳои тухмии пурарзиши писта таъмин ва тухмӣ барои фурӯш ба берун аз  ҷумҳурӣ низ бароварда шавад.

Мавриди зикр аст,  ки дар минтақаи ҷанубӣ, хусусан шаҳру ноҳияҳои  Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус, Бохтар, Левакант, Данғара, Панҷ, Фархор ва Темурмалик пистазорон домани фарох густурдаанд, вале ҳанӯз ҳам имконияти мавҷуда ба таври дилхоҳ истифода нашудаанд.

Тибқи хулосаи коршиносон, дар баробари мутобиқати иқлим пистаи дар минтақаҳои кӯҳии вилояти Хатлон парваришёфта нисбат ба  маҳсулоти воридотии он  сифати беҳтар дорад.  Агар  таркиби пистаи воридотӣ 47 дарсад равған дошта бошад, пас дараҷаи равғаннокии пистаҳои маҳаллӣ ба 67 дарсад мерасад.

Пистаи маҳаллӣ  равғаннокии  зиёд дошта, болаззаттар  аст.  Дар хоҷагиҳои ҷангал барои васеъ  намудани майдони пистазор аз тухмиҳои босифату донакалони  ба маҳал мутобиқ  истифода бурда мешавад. Инчунин пистаи маҳаллӣ   хосияти донакалонӣ, кушодашавии дона на камтар аз 75 дарсад, ҳосилнокии баланди муътадил, равғаннокии зиёда аз  67 дарсад дошта, ба касалию ҳашарот ва гармӣ тобовар мебошад

Бояд гуфт, ки хусусияти хоси биологию экологии писта, ба шароити гармиҳои хушк ва сардиҳои баланд тобовар будан имкон  медиҳад, ки майдонҳои зиёд барои бунёду парвариши боғҳои саноатии писта аз худ карда шуда, ба тараққиёти соҳаи пистапарварӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолии ин  минтақаҳои пистапарварӣ мусоидат намоянд.

Дарахти писта дар кӯҳсор, саҳроҳои пуштазамин ва ғайра месабзад.

Хусусиятҳои шифобахшии писта инҳоянд: мағзи самарашро бихӯранд, зеҳнро тез мегардонад, ҳолати майнаро сара нигоҳ медорад; сурфа, дилтапак (дилбозӣ), қай, беҳузур (беҷо) шудани дил, дарди рӯдаҳо ва сардии ҷигарро дафъ мекунад. Писта ҳамчун ғизо камқувват аст, вале агар инро бардавом бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад.

Январь 23, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд