Солеҳа Холмаҳмадзода дар шаҳри Турсунзода аз сокинон даъват намуд, ки бештар ба сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият диҳанд
ТУРСУНЗОДА, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода силсилавохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо интихобкунандагони дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр баргузор гардида истодааст. Дар ин бора котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода дар ин вохӯриҳо вобаста ба самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ, намояндагӣ ва фаъолияти байнипарлумонӣ дар соли 2020, истифодаи сарфакоронаю мақсадноки неруи барқ ва пешгирии исрофкории он сухан гуфт. Дар ин ҷамъомадҳо таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини оила бо маҳсулоти ғизоӣ сокинонро мебояд ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон аҳамияти ҷиддӣ дода, бештар ба кишти зироати асосӣ, аз ҷумла сабзавоткориву картошкапарварӣ ва пахтакорӣ афзалият дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҷалби онҳо ба донишандӯзиву касбомӯзӣ, ватандӯстӣ, пешгирӣ аз шомилшаавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишу ҳунаромӯзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат ороста шуд.
Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор дошт, ки имсол дар мамлакат ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Вобаста ба ин дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, аз сокинони шаҳр даъват ба амал овард, ки корҳои ободониро аз хонаву дар ва деҳаву маҳаллаи худ оғоз намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни бошукӯҳи 30- солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоранд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






