Соли 2020 дар Тоҷикистон рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 фоизро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 30,8 млрд. сомонӣ баробар гардида, рушди он 9,7 фоизро ташкил намуд.
Зимни маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 январ раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, дар давраи ҳисоботӣ аз 293 намуд муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар кишвар истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 151 номгӯи он таъмин гардида, истеҳсоли 31 номгӯи моле, ки дар соли 2019 истеҳсол нагардида буданд, ба роҳ монда шуд.
Сарвари давлат ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид ва муовинони Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода ва Давлатшо Гулмаҳмадзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






