«Сомон Эйр» парвозҳоро ба Тошканд барқарор менамояд
ДУШАНБЕ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 январи соли равон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро дар масири Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба-рӯзҳои ҷумъа ба роҳ монда мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Тошканд доранд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд. Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошад (дастхат набошад) ва аз ҷониби лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ аккредитатсия дорад, бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Кӯдакони то 12-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19 доранд ва ашхосе, ки натиҷаи санҷиши ПСР-тесташон мусбат мебошад, ба парвоз роҳ дода намешаванд.
Тибқи Қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон, то 1 феврали соли 2021 парвозҳои байналмилалӣ бо Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ карда шуданд. Шаҳрвандони муқими ин кишварҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар тӯли 14 рӯзи охир дар ин кишварҳо буданд, иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоранд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон ворид мешаванду давоми 14 рӯзи охир дар Британияи Кабир, Италия, Германия, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ буданд, пас аз вуруд ба Ӯзбекистон дар маҷмааи муваққатии карантинӣ ё меҳмонхонаи марбута давоми 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд.
Ҳамаи мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сирояти коронавирус тавассути экспресс-тест аз ташхис гузаранд. Экспресс-тест дар фурудгоҳи Тошканд аз ҳисоби мусофирон гузаронида мешавад. Мусофироне, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, барои табобат ба беморхона равон карда мешаванд.
Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) — натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим нест. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои гирифторӣ ба коронавирус доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд. Давоми парвоз мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд.








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






