Таҳмина Ҳоҷибоева ва Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд

Январь 11, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мураббияҳои муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева ва  муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмуни мазкур 5 нафар  мураббияи муассисаи томактабии №6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова, мураббияи муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, мураббияи муассисаи томактабии №7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова, мураббияи муассисаи томактабии №3-и ноҳияи Рӯшон Наргис Шарипова ва мураббияи муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева иштирок намуданд. Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» давоми се рӯз гузашта, ҳар довталаб тибқи низомнома шартҳои муайяншударо иҷро намуда, соҳиби холҳои зарурӣ гардид.

Вазири маориф ва илми мамлакат Муҳаммадаюсуф Имомзода зимни маросими ҷоизасупорӣ иброз намуд, ки  дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ, ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии онҳо дар замони муосир, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати онҳо яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб мешавад. Довталабон дар озмун бо маҳорати баланди педагогӣ ва донишу ҷаҳонбинии васеъ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳамчунин раиси аъзои ҳакамон, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Лутфия Иматова фаъолияти иштирокчиёни озмунро вобаста ба шартҳо дар алоҳидагӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, иброз намуд, ки дар иҷрои шартҳои муайяншуда – ҳисоботи мураббияҳо дар бораи фаъолияти педагогӣ, саволу ҷавоб аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, таҳлилу баррасии ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, гузаронидани машғулияти таълимӣ, баргузории мизи мудаввар, тасвир ва сохтани мавод тибқи мазмуни раванди таълиму тарбия иштирокдорон фаъолияти хуб нишон дода, ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

Дар интиҳо ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳо, нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои пулӣ ва роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳо супорида шуд.

Январь 11, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид