ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ — ИНТИХОБИ МО! Дар Хатлон боз як майдони варзишӣ ба истифода дода шуд

Январь 30, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 30.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон  майдони варзишӣ барои бозии баскетбол ва волейбол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ин майдон ҷузъе аз маҷмааи варзишиест, ки дар боғи марказии фароғати фарҳангии ноҳия аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қудратулло Собиров бо сарфи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст. Дар  он барои машқу тамрини дастаи яккачини духтарони волейболбози ноҳияи Ҷайҳун шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Барои бунёди маҷмааи варзишӣ (майдончаи варзишӣ, ҷойи тамрини гуштигирону боксчиён) ва бо асбоби варзишӣ муҷаҳҳазонидани он наздик ба ним миллион сомонӣ масраф шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифода додани майдончаи мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда,  ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин хонд.

Ба   раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  соҳибкор Қ. Сабуров иттилоъ дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатӣ майдончаи варзишӣ болопӯшида хоҳад шуд, ки  дар як шабонарӯз то 100 нафар ҷавонон имкон доранд  дар иншооти мазкур ба намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейбол, теннис, баскетбол, муштзанӣ, гуштӣ машғул шаванд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода даъват намуд, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.

Январь 30, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд